Ҳалокати боз як қочоқбари афғон дар марз

Дар қитъаи дидбонгоҳи Ҳамадонии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 9 март, тахминан соатҳои 23-30 муқовимати навбатии марзбонони тоҷик бо қочоқбарони мусаллахи афғон ба вуқӯъ пайваст. Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки марзшиканон иборат аз 6-7 нафар сокинони вулусволии Тахори Афғонистон ба талаботи сарҳадбонон […]



Дар қитъаи дидбонгоҳи Ҳамадонии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 9 март, тахминан соатҳои 23-30 муқовимати навбатии марзбонони тоҷик бо қочоқбарони мусаллахи афғон ба вуқӯъ пайваст.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки марзшиканон иборат аз 6-7 нафар сокинони вулусволии Тахори Афғонистон ба талаботи сарҳадбонон оид ба супурдани силоҳ итоат накарда, сӯи онҳо ба тирпарронӣ оғоз намудаанд.

«Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобии марзбонон ду тан аз марзшиканон захмӣ шуда, як қочоқбар кушта ва боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 50 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 1 автомати Калашников бо тирҳояш дарёфт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.