Боздиди сафирони ИМА ва Арабистони Саудӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет И.Миллард диору гуфтушщшунид карда, зимни вохӯрӣ масоили таҳкими минбаъдаи рушди робитаҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, Рустам Назарзода ба сафири ИМА […]



Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет И.Миллард диору гуфтушщшунид карда, зимни вохӯрӣ масоили таҳкими минбаъдаи рушди робитаҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, Рустам Назарзода ба сафири ИМА доир ба тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рафъи оқибатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2015 рух дода буданд, маълумот дод.

Дар навбати худ сафири ИМА изҳор дошт, ки Вашингтон Тоҷикистонро дар масоили коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва ҳамчунин таҳкими имконоти ин ниҳод ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.

Рустам Назарзода ҳамчунин бо муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Ал-Ҳарбӣ низ вохӯрда, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои коҳиши хатарҳои офтаи табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи як қатор барномаҳо ва фондҳои Арабистони Саудӣ, ки ба ҳалли ин мушкилот машғуланд, табодули назари судманд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.