Бонки ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ доир ба тадбирҳои таҳкими зербинои молиявӣ дар Тоҷикистон

Коршиносони намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои таҳкими зербинои молиявӣ, Тоҷикистонро ҳоло лозим меояд, ки зинаҳои зиёди дигареро паси сар намояд. Бино ба маълумоти расида аз намояндагии бонк, лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI) бо дастгирии ҳукумати Швейтсария аз […]



Коршиносони намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои таҳкими зербинои молиявӣ, Тоҷикистонро ҳоло лозим меояд, ки зинаҳои зиёди дигареро паси сар намояд.

Бино ба маълумоти расида аз намояндагии бонк, лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI) бо дастгирии ҳукумати Швейтсария аз соли 2009 ба Тоҷикистон дар беҳбуди низоми маблағгузорӣ ба рушди тиҷорати хурду миёна, тавсеъаи дастрасӣ ба қарзҳо бо мақсади ҳавасмандсозии минбаъдаи онҳо кумак мекунад.

«Ба туфайли дастгирии Бонки миллӣ, ҳукумати ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд, Ассостсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилоҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ дар бунёди зербинои молиявӣ бо шумули роҳандозии низоми табодули маълумоти қарзӣ, амалиёт зери гарави амволи манқул, барномаи саводнокии аҳолӣ дар масоили молия ва ғайра натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, ҳамаи ин тадбирҳо ба васеъ кардани имконоти дастрасӣ ба маблаггузорӣ дар кишвар равона шудаанд», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки дар ҷаласаи имрӯзаи маҳфили матбуот намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва журналистон дар вазъи ғайрирасмӣ масоили натиҷаҳои ҳосилшуда аз рӯи ҳадафҳои лоиҳа бобати бунёди низоми зербинои молиявиро баррасӣ ва коршиносоони бонк дар бораи натиҷаву дастовардҳо оид ба Лоиҳаи саводноккунии молиявии аҳолӣ, низоми муомилоти таъминшуда ва тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории тиҷорати хурду миёна, лоиҳаи қонунҳои таҳияшуда барои фаъолияти пурсамари низоми гарави амволи манқул ва ғайра маълумот медиҳанд.

«Вохӯрӣ журналистонро ба инъикоси бештар касбии чорабиниҳои қарибулвуқӯъ оид ба тавсеъаи имконоти маблағгузории тиҷорати хурду миёна ба воситаи рушди зербинои молиявӣ омода мекунад», – зикр мегардад дар маълумот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.