Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раиси Ассамблеияи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқи рӯзҳои 14-18 март ба Покистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сафар дар Исломобод дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси сенати ин кишвар Ризо Раббонӣ, раиси Асссамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ, мушовири нахуствазири Покистон оид ба умури амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Покистон Сартоҷ Азиз дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Насиба Содиқова ва Мирзоанвар Аҳмедов ҳамроҳӣ мекунанд.



