Чин ҷойгоҳи Русия дар Осиёи Марказиро танг месозад

ASIA-Plus



Таъсиси эътилофи сиёсии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон таҳти сарпарастии Чин яке аз мавзӯъҳои гуфтушунид байни намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кобулов бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба Афғонистон Дэн Ситсзюн гардид.

Замир Кобулов ба нашрияи

«Известия»

гуфтааст, дар мулоқот вазъи Афғонистон, таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ аз он ва ҳамкории ҳарду кишвар дар ин робита бидуни вобастагӣ ба шарикии нави стратегии усулии «чоргона» – Пекин, Исломобод, Душанбе ва Кобул баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушунид доир ба сафари сардори Ситоди кулли артиши Чин ба Кобул ва ваъдаи ҷудо кардани 300 млн. юан барои таҳкими артиш ва мақомоти пулиси Афғонистон, имкони маблағгузории муштараки Русияву Чин ба лоиҳаҳо дар ин кишвар ва дигар масъалаҳо сухан рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, роҷеъ ба ҳамкории «чоргона» оид ба таъсиси низоми нави амният дар минтақа ибрози андеша шуда, Кобулов зикр кардааст, ки «ин иқдом мусбат буда, сухан танҳо сари назорати марзҳо ва фошсозии террористон меравад. «Ин маънои онро надорад, ки Чин қувваҳои мусаллаҳро истифода карданист. Ҳамроҳ шудани мо зарурат надорад. Дар доираи СААД мо тарҳҳои худро дорем ва гузашта аз ин дар чаҳорчӯби СҲШ мо ин мавзӯъҳоро баррасӣ мекунем», – гуфтааст Кобулов.

Нашрия хотиррасон мекунад, ки қаблан дар Душанбе гуфтушуниди сардорони ситодҳои кулли артишҳои Чин, Тоҷикистон ва Покистон доир гардида, баъди ин сардори ситоди кулли артиши Чин Фан Фэнхуй рӯзи 2 март ба Кобул ташриф овард ва дар он ҷо ба ҷуз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, доир ба ташаккули заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ миёни Пекин, Исломобод, Душанбе ва Кобил оид ба таъмини амният дар минтақа низ сухан рафтааст.

Ба гуфтаи коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Андрей Серенко, ин иқдом барои Русия хушоянд нест, зеро дар ин ҷараён Маскав иштирок надорад. «Ба эътилофи нав ба ҷуз Покистону Афғонистон, Чин Тоҷикистонро ҳам шомил мекунад, ки то замони ахир Русия ба он ҳамчун ба қисмате аз минтақаи таъсиру нуфузи худ назар мекард», – изҳор доштааст ӯ.

Ба андешаи коршинос, маҳз дар масъалаи Тоҷикистонро ҷалб намудани Чин нофаҳмӣ миёни Пекин ва Маскав ба назар мерасад. «Таваҷҷуҳи бештари Русия ба вазъ дар Украинаву Шарқи Наздик ба он оварда расонид, ки мо дар Осиёи Марказӣ мавқеъамонро аз даст дода истодаем. Ба назар мерасад, ки дар сурати таъсиси чунин «НАТО-и осиёимарказӣ» таҳти сарпарастии Чин Русия бегона шуда метавонад», – қайд кардааст А.Серенко.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...