Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Абу Забӣ – пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб ташриф оварда, як қатор гуфтушунидҳо анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён
пешвоз гирифт
.
«Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар маҷмӯъ мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем, – таъкид дошт
зимни мулоқот
Президенти Тоҷикистон.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи моро мукаммал мегардонанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот инчунин доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, гуфтугӯй сурат гирифт.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён
боздид намуда
, бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек карданд.
Лозим ба зикр аст, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо асосгузори Аморот Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.
Баъдан президенти Тоҷикистон мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборакро
ба ҳузур пазируфта
, дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Аморот ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуд аст.
Халдун Халифа Ал-Муборак изҳор кард, ки ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад ва баъди шиносоӣ имкон пайдо мегардад, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи махсус таҳия ва татбиқ карда шавад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Нимаи дуюми рӯзи 16 март президенти Тоҷикистон бо мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал-Хурӣ
мулоқот анҷом дода
, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои мухталифи Аморот баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон кумаки беғаразона расондааст, изҳори сипос кард.





