Ҳабси узви Давлати исломӣ дар Петербург, ки дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дошт

ASIA-Plus



Дар шаҳри Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафҳои ба ном Давлати исломӣ пайваста, ба паҳнкунии аксҳои дорои хусусияти ифротгароӣ машғул буд, ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии прокуратураи Петербург, шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов санаи 14 март боздошт шуда, рӯзи дигараш суди ноҳияи Кирови шаҳр ба ҳабси ӯ бо мақсади истирдоди минбаъда иҷозат додааст.

Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати боздоштшуда корҳои марбут ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯро анҷом намедиҳанд.

«Муайян карда шуд, ки зимни будубош дар қаламрави Русия Давлатов дар шабакаи иҷтимоӣ ба сафҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъи ба ном «Давлати исломӣ» пайваста, дар саҳифаи худ дар шабака ба паҳн кардани аксҳои дорои хусусияти ифротгароӣ машғул буд», – қайд мешавад дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.