Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал оварда, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,
бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара
дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст. Дар ҳудуди иншоот дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо, бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.
Президенти мамлакат ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ,
ҶДММ Нафтрасон
, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.
Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст. Айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.
Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва аз худкунии нозукии кор ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.





