7 голи беҷавоби австралиягиҳо ба дарвозаи Тоҷикистон

Дар даври нуҳуми марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2016 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи Австралия – ғолиби Ҷоми Осиё бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 шикаст хӯрд. Ин вохӯрӣ рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» дар шаҳри Аделаида, маркази маъмурӣ ва шаҳри бузургтарини иёлати Австралияи Ҷанубӣ баргузор шуд. Ёдрас […]



Дар даври нуҳуми марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2016

мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ

аз дастаи Австралия – ғолиби Ҷоми Осиё бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 шикаст хӯрд.

Ин вохӯрӣ рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» дар шаҳри Аделаида, маркази маъмурӣ ва шаҳри бузургтарини иёлати Австралияи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ миёни ин дастаҳо, ки санаи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида буд, низ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи австралиягиҳо анҷом ёфта буд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирӣ аз даври нуҳум дар гурӯҳи «В» дар зинаи аввали ҷадвал Австралия бо 18 имтиёз, дар зинаи дуюм Урдун бо 16 имтиёз, дар мақоми 3-юм Қирғизистон бо 11 имтиёз, дар зинаи 4-ум Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва дар зинаи охир Бангладеш бо 1 имтиёз қарор гирифтанд.

Акнун дар даври охирини мусобиқи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон санаи 29 март бо дастаи Қирғизистон ва Австралия бо Урдун бозӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.