Арзи сипоси сарвари давлат ба соҳибкорони Конибодом

Дар доираи боздид аз вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи  ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом назди роҳбарону фаъолон ва сокинон суханронӣ ва бо онҳо сӯҳбати самимӣ доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик […]



Дар доираи боздид аз вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи  ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом назди роҳбарону фаъолон ва сокинон

суханронӣ

ва бо онҳо

сӯҳбати самимӣ

доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом  якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сарвари давлат ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.

Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.


Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода – омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.