Ҳузури президент дар маросими ба истифода додани бинои нави прокуратураи Исфара

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал оварда, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои […]



Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал оварда, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,

бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара

дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст. Дар ҳудуди иншоот дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо, бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.

Президенти мамлакат ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ,

ҶДММ Нафтрасон

, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.

Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст. Айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.

Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва аз худкунии нозукии кор ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.