Соли 2015 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 66% кам шуд

Нисбат ба соли 2014 дар соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон се баробар ё худ ба андозаи 66% кам шуд. Дар ин бора дар сомонаи Бонки марказии Русия хабар дода мешавад. Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти интишоршуда доир ба интиқоли маблағҳои пулии фаромарзии Бонки марказии Русия, соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои […]

ASIA-Plus



Нисбат ба соли 2014 дар соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон се баробар ё худ ба андозаи 66% кам шуд. Дар ин бора дар


сомонаи


Бонки марказии Русия хабар дода мешавад.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти интишоршуда доир ба интиқоли маблағҳои пулии фаромарзии Бонки марказии Русия, соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба 1 млрд. 278 млн. доллар расидааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2014 ин нишондиҳанда 3 млрд. 831 млн. ва соли 2013 – 4 млрд. 155 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Бино ба иттилои манбаъ, чунин ҳолат дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, соли 2015 аз Русия ба Ӯзбекистон 2 млрд. 370 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ фиристода шуда, соли 2014 ин нишондиҳанда ба 5 млрд. 581 млн. доллари ИМА баробар буд.

Соли 2015 аз Русия ба Қирғизистон 1 млрд. 83 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст. Соли 2014 маблағи пулии аз Русия ба ин кишвар интиқооёфта 2 млрд. 26 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.