Намояндагони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баҳри раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки рӯзи 25 март аз ҷониби қочоқбарони афғон дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони кишвари ҳамсоя ба
музокирот
пардохтанд.
Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии мустақар назди марз ҷараён доранд. «Умед дорем, ки гаравгонон дар фурсати наздиктарин бидуни пешниҳоди ҳар гуна шартҳову истифода аз нерӯ озод карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони рух додани ҳодиса дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон омадааст. Ӯ ба комиссияи махсуси ҳукумат оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳад роҳбарӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти манобеи
Радиои Озодӣ
, гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурдаанд.
Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин), ки ин қитъаи роҳ аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфтааст, ин ҳодиса нимаи рӯзи 25 март рух додаааст. Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи марги ду роҳсози ин қитъаро рад намудааст.
Дар мавриди маҷруҳону ҳалокшудаҳо хабаргузории
«Озодагон»
бо истинод ба як манбаъаш иттилоъ дода буд, ки баъди ҳамлаи мусаллаҳона аз эҳтимоли ҳалок шудани ду роҳсози тоҷик хабар расида, манобеи дигар изҳор медоранд, ин ҳамла кушта дар пай надошт ва танҳо як роҳсози тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Баъдан як манбаъи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии кишвар маълумоти миёни афроди гаравгонгирифта ҳузур доштани шаҳрванди Туркияро рад кард.





