Талоши Тоҷикистон баҳри раҳоии ду гаравгон аз асорат

Намояндагони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баҳри раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки рӯзи 25 март аз ҷониби қочоқбарони афғон дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони кишвари ҳамсоя ба музокирот пардохтанд. Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳо ҳам […]



Намояндагони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баҳри раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки рӯзи 25 март аз ҷониби қочоқбарони афғон дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони кишвари ҳамсоя ба

музокирот

пардохтанд.

Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии мустақар назди марз ҷараён доранд. «Умед дорем, ки гаравгонон дар фурсати наздиктарин бидуни пешниҳоди ҳар гуна шартҳову истифода аз нерӯ озод карда мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони рух додани ҳодиса дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон омадааст. Ӯ ба комиссияи махсуси ҳукумат оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳад роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти манобеи

Радиои Озодӣ

, гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурдаанд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин), ки ин қитъаи роҳ аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфтааст, ин ҳодиса нимаи рӯзи 25 март рух додаааст. Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи марги ду роҳсози ин қитъаро рад намудааст.

Дар мавриди маҷруҳону ҳалокшудаҳо хабаргузории

«Озодагон»

бо истинод ба як манбаъаш иттилоъ дода буд, ки баъди ҳамлаи мусаллаҳона аз эҳтимоли ҳалок шудани ду роҳсози тоҷик хабар расида, манобеи дигар изҳор медоранд, ин ҳамла кушта дар пай надошт ва танҳо як роҳсози тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Баъдан як манбаъи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии кишвар маълумоти миёни афроди гаравгонгирифта ҳузур доштани шаҳрванди Туркияро рад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.