Дар минтақаи шарқии Покистон – шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) дар боғи фароғатии Гулшани Иқбол таркиш ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 70 нафар кушта ва ҳадди ақал 300 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аксари захмишудагон занону кӯдакон мебошанд.
То ҳол маълум шудааст, ки таркиш шоми рӯзи якшанбе, 27 март аз ҷониби як маргталаб содир шуда, ӯ худро дар таваққуфгоҳ тарконидааст. Бо мақсади таъмини амният воҳидҳои артиши Покистон боғ ва гирду атрофи онро зери назорат гирифтаанд.
“Радиои Озодӣ”
дар ин робита менависад, масъулияти ин амалро гурӯҳи исломии «Ҷамоат-ул-Аҳрор» («Иттиҳоди муборизон барои озодӣ») ба дӯш гирифтааст, ки бо ҳаракати исломии покистонии «Таҳрики Толибони Покистон» алоқамандӣ дорад.
Тибқи маълуоти samaa.tv, шоми рӯзи якшанбе беш аз 200 нафар аксаран бо аҳли оилаву кӯдакон дар боғ сайругашт дошта, рӯзи истироҳат макони таркиш серодам будааст. Дар тамоми бемористонҳои шаҳри Лоҳур вазъи фавқулода ҷорӣ шуда, ба тадбирҳои амниятӣ дар шаҳр тақвият бахшида шудааст.
Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ин амалро маҳкум намуда, ба оилаҳои ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин ҷиҳати таъмини тамоми кумаки тиббии зарурӣ ба маҷрӯҳон дастур додааст.
Бино ба иттилои
Бахши русии Би-Би-Си
, масъулияти таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистонро ҳаракати Толибон ба дӯш гирифтааст. Намояндаи толибон таъкид доштааст, ки ин амал тарҳрезишуда буда, маҳз дар ҳамон қисмате содир шудааст, ки дар он бисёртар насрониҳо зиндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, барои назорати таъмини амният ба ин минтақа артиш ворид карда шуда, ҳукуматдорони минтақа се рӯзи мотам эълон намуданд.





