Таркиш дар Покистон ҳудуди 70 кушта бар ҷой гузошт

Дар минтақаи шарқии Покистон – шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) дар боғи фароғатии Гулшани Иқбол таркиш ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 70 нафар кушта ва ҳадди ақал 300 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аксари захмишудагон занону кӯдакон мебошанд. То ҳол маълум шудааст, ки таркиш шоми рӯзи якшанбе, 27 март аз ҷониби як маргталаб […]

ASIA-Plus



Дар минтақаи шарқии Покистон – шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) дар боғи фароғатии Гулшани Иқбол таркиш ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 70 нафар кушта ва ҳадди ақал 300 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аксари захмишудагон занону кӯдакон мебошанд.

То ҳол маълум шудааст, ки таркиш шоми рӯзи якшанбе, 27 март аз ҷониби як маргталаб содир шуда, ӯ худро дар таваққуфгоҳ тарконидааст. Бо мақсади таъмини амният воҳидҳои артиши Покистон боғ ва гирду атрофи онро зери назорат гирифтаанд.


“Радиои Озодӣ”

дар ин робита менависад, масъулияти ин амалро гурӯҳи исломии «Ҷамоат-ул-Аҳрор» («Иттиҳоди муборизон барои озодӣ») ба дӯш гирифтааст, ки бо ҳаракати исломии покистонии «Таҳрики Толибони Покистон» алоқамандӣ дорад.

Тибқи маълуоти samaa.tv, шоми рӯзи якшанбе беш аз 200 нафар аксаран бо аҳли оилаву кӯдакон дар боғ сайругашт дошта, рӯзи истироҳат макони таркиш серодам будааст. Дар тамоми бемористонҳои шаҳри Лоҳур вазъи фавқулода ҷорӣ шуда, ба тадбирҳои амниятӣ дар шаҳр тақвият бахшида шудааст.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ин амалро маҳкум намуда, ба оилаҳои ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин ҷиҳати таъмини тамоми кумаки тиббии зарурӣ ба маҷрӯҳон дастур додааст.

Бино ба иттилои

Бахши русии Би-Би-Си

, масъулияти таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистонро ҳаракати Толибон ба дӯш гирифтааст. Намояндаи толибон таъкид доштааст, ки ин амал тарҳрезишуда буда, маҳз дар ҳамон қисмате содир шудааст, ки дар он бисёртар насрониҳо зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, барои назорати таъмини амният ба ин минтақа артиш ворид карда шуда, ҳукуматдорони минтақа се рӯзи мотам эълон намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.