Ҳузури президент дар «Корвони Наврӯзӣ»-и Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро […]



Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола”

иштирок

ва

суханронӣ

кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шудааст, зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни базми бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуд.

Сарвари давлат бо ёдаварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ таъкид дошт, ки «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд, зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад».

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон “Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад”.

Сипас баъди анҷоми суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардида, баҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд. Барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай, бо намоиши театрикунонидашудаи «Наврӯз муборак» ҷараён гирифт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.