Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Покистон

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон, ки шоми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дода, ба марги даҳҳо тан ва маҷрӯҳ гардидани садҳо нафар боис гардид, ба нахуствазир ин кишвар Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи инҷониб гардид».

«Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил металабад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шарқии Покистон – шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) дар боғи фароғатии Гулшани Иқбол

таркиш ба вуқӯъ пайваста

, бар асари он ҳудуди 70 нафар кушта ва ҳадди ақал 300 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аксари захмишудагон занону кӯдакон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.