Роҳбарии муовини нахуствазир ба комиссияи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарбӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим комиссияи тадорукотии даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. Сардори Раёсати мудофиа  ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Шараф Файзуллозода ва сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор […]



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим комиссияи тадорукотии даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Сардори Раёсати мудофиа  ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Шараф Файзуллозода ва сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров муовинони ӯ таъин шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро

ба имзо расонид.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд. Ба корҳои ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар маҳалҳо бевосита раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо масъул мебошанд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.