Насби дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металлӣ дар масҷидҳои Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 март машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он мушкилоти марбут ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати як моҳ оид ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба фаъолияти […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 март

машварати кории

мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он мушкилоти марбут ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати як моҳ оид ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳи аҳолӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳар моҳ доир ба масоили ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, риояи меъёрҳои санитарӣ ва реҷаи кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба раиси шаҳр маълуомт пешниҳод карда шавад.

Бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи амнияти шаҳрвандон, раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи масҷидҳои расман амалкунандаи шаҳр аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда шавад.

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии шаҳр ҷорӣ ва назорати фаъолияти доимии онҳо аз ҷониби сохторҳои зидахл комилан таъмин шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.