Ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways ният дорад, ки барои хадамоти заминии худ аз Тоҷикистон қувваи корӣ ҷалб намояд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, бо ин мақсад нимаи моҳи апрели соли равон як ҳайати ширкати Qatar Airways ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Қайд мешавад, ки интихоби коргарон дар асоси озмун сурат мегирад, ки аз се марҳила иборат аст: тавассути низоми он-лайн, суҳбат дар Душанбе (моҳи апрел) ва таҷрибаомӯзӣ дар Қатар (моҳи май). Хароҷоти давраи таҷрибаомӯзӣ дар Қатарро ширкат пурра ба уҳдаи худ мегирад.
Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар суроғаи зерини таъисдодашуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд:
http://careers.qatarairways.com/qatarairways/VacancyDetail.aspx?VacancyID=107826
.Суроғаи интернетии мазкур то 3 апрели соли 2016 фаъол хоҳад буд.
Дар сомонаи ширкат ҳамчунин зикр мегардад, ки шароити кор, иқомат ва музди меҳнат дар ширкати ҳавопаймоии мазкур ба тамоми меъёрҳои байнулмилалии ширкатҳо ҷавобгӯ аст.
Дар озмун ҳамаи шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Тоҷикистон, ки забони англисиро медонанд, иштирок карда метавонанд.
Qatar Airways Company, ки ҳамчун Qatar Airways амал мекунад, ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар буда, қароргоҳаш дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Доҳа воқеъ аст. Ширкат ба 114 нуқтаи таъиноти байнулмилалӣ парвозҳо анҷом медиҳад.
Qatar Airways ба рӯйхати 7 ширкати ҳавопаймоии дорои рейтинги баланди панҷситорагӣ аз рӯи фарзияи агентии бритониёии Skytrax шомил аст.





