Qatar Airways аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways ният дорад, ки барои хадамоти заминии худ аз Тоҷикистон қувваи корӣ ҷалб намояд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, бо ин мақсад нимаи моҳи апрели соли равон як ҳайати ширкати Qatar Airways ба Тоҷикистон ташриф меорад. Қайд мешавад, ки интихоби коргарон дар асоси озмун сурат мегирад, ки аз се марҳила иборат […]



Ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways ният дорад, ки барои хадамоти заминии худ аз Тоҷикистон қувваи корӣ ҷалб намояд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, бо ин мақсад нимаи моҳи апрели соли равон як ҳайати ширкати Qatar Airways ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Қайд мешавад, ки интихоби коргарон дар асоси озмун сурат мегирад, ки аз се марҳила иборат аст: тавассути низоми он-лайн, суҳбат дар Душанбе (моҳи апрел) ва таҷрибаомӯзӣ дар Қатар (моҳи май). Хароҷоти давраи таҷрибаомӯзӣ дар Қатарро ширкат пурра ба уҳдаи худ мегирад.

Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар суроғаи зерини таъисдодашуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд:

http://careers.qatarairways.com/qatarairways/VacancyDetail.aspx?VacancyID=107826

.Суроғаи интернетии мазкур то 3 апрели соли 2016 фаъол хоҳад буд.

Дар сомонаи ширкат ҳамчунин зикр мегардад, ки  шароити кор, иқомат ва музди меҳнат дар ширкати ҳавопаймоии мазкур ба тамоми меъёрҳои байнулмилалии ширкатҳо ҷавобгӯ аст.

Дар озмун ҳамаи шаҳрвандони синни аз 18-сола болои  Тоҷикистон, ки забони англисиро медонанд, иштирок карда метавонанд.

Qatar Airways Company, ки ҳамчун Qatar Airways амал мекунад, ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар буда, қароргоҳаш дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Доҳа воқеъ аст. Ширкат ба 114 нуқтаи таъиноти байнулмилалӣ парвозҳо анҷом медиҳад.

Qatar Airways ба рӯйхати 7 ширкати ҳавопаймоии дорои рейтинги баланди панҷситорагӣ аз рӯи фарзияи агентии бритониёии Skytrax шомил аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.