Шикасти навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон

ASIA-Plus



Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Бино ба

иттилои

Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон дар дақиқаи 18-уми бозӣ тӯбро ба ҳадаф расонида, аз кӯшишҳои футболбозони тоҷик баҳри мусовӣ кардани ҳисоб ё ғалаба дар идомаи ин вохӯрӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи Австралия дар майдони худ бар дастаи Урдун бо ҳисоби 5 бар 1 дастболо шуда, бо 21 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор гирифт. Мақоми дуюмро дар ин гурӯҳ – Урдун бо 16 имтиёз, зинаи сеюмро – Қирғизистон бо 14 имтиёз, ҷойи чорумро – Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва зинаи охирро – Бангладеш бо 1 имтиёз ишғол карданд.

Қобили зикр аст, ки акнун Тоҷикистон дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад. Бозиҳои футболбозони тоҷик дар ин давр рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...