Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор дошт, ки зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният кишвараш масоили риояи ҳуқуқҳои инсонро ба инобат мегирад.
«Кумаки мо ба бахши амнияти Тоҷикистон бар асоси созишнома бо ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон дар муайян кардани таҳиду хатарҳо ва мубориза бо онҳо мебошад», – гуфт сафир зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
«Зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният мо масоили риояи ҳуқуқҳои башарро ба инобат мегирем», – посух дод Э.Миллард ба саволи журналистон бобати имкони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон истифода шудани ин кумак бо мақсади фишор болои мухолифони сиёсии мусолиҳакор.
Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо ифротгароиву терроризм мубориза мебарад ва ин кори осоне нест. «Аммо самтҳои мубориза бо терроризм бояд возеҳу аён бошанд ва террористонро аз мухолифони сиёсӣ фарқ мебояд кард», – афзуд сафир.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи гузашта васоити ахбори умуми хориҷӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи ИМА
иттилоъ дода буданд
, ки Пентагон кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист. Нашрияи Politico дар ин робита
навишта буд
, ки миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.





