Нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» маҷмӯи асарҳои адибони тоҷик бахшида ба президенти Тоҷикистонро ба табъ расонид.
Маҷмӯа аз 2256 асари насриву назмӣ ва публитсистӣ иборат аст, ки фарогири мавзӯъҳои гуногун дар бораи сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, асари нахустин аз соли 1994 шурӯъ мешавад.
Маҷмӯа аз ҷониби муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода таҳия шуда, бо теъдоди 250 нусха нашр шудааст.
Дар пешгуфтори китоб, ки аз ҷониби ёвари президент оид ба масоили иҷтимоӣ академик Абдуҷаббор Раҳмонов навишта шудааст, ба чӣ гуна тасвир шудани обрӯву нуфузи Пешвои миллат дар ин асарҳо баҳогузорӣ шудааст.



