Сафари расмии президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд, бори нахуст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сафари расмии президенти Афғонистон ба Тоҷикистон дар доираи иштироки ӯ дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 […]

ASIA-Plus



Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд, бори нахуст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сафари расмии президенти Афғонистон ба Тоҷикистон дар доираи иштироки ӯ дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ), ки санаи 12 май дар Душанбе пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.

Дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба ҷуз раисҷумҳури Афғонистон, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Щариф ҳам ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.