Конфронси «Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ» дар Миср

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Искандарияи Миср дуюмин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ” баргузор шуд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд, созмондиҳандагони конфронси мазкур Донишкадаи одоби Водии Ҷадид, Донишгоҳи Асют ва Китобхонаи Искандария буда, дар он донишмандону пажӯҳишгарони мисриву хориҷӣ ва дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд. Дар […]

Иттилоияи расмӣ



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Искандарияи Миср дуюмин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ” баргузор шуд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд, созмондиҳандагони конфронси мазкур Донишкадаи одоби Водии Ҷадид, Донишгоҳи Асют ва Китобхонаи Искандария буда, дар он донишмандону пажӯҳишгарони мисриву хориҷӣ ва дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ, ки аз шодбоши наврӯзӣ оғоз ёфт, таъкид шуд, ки тоҷикон ворисони аслии мероси фарҳангии Мовароуннаҳр буда, саҳми ниёкони мо дар ғанисозии он тамаддун беназир аст.

Бо ишора ба ҷойгоҳи муҳимми фарҳангӣ ва илмии Миср дар ҷаҳони араб ва минтақа, сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки конфронс ба барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории самарбахш байни конунҳои илмии ду кишвар ҷиҳати пажӯҳиши якҷояи осори муштараки фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.