ВКД маълумоти аз ҷониби милитсия ба худкушӣ водор кардани ҷавонро рад мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба маълумоти сомонаи интернетии «Паём.net» доир ба гӯё «як ҷавони 27-солаи соҳиби 2-фарзанд, баъди боздошт ва лату кӯб аз тарафи милисаи ноҳияи Ваҳдат ба марг мувоҷеҳ шудааст», раддия интишор намуд. Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД ҶТ гуфта мешавад, маълумотҳои овардашуда дар ин хабар ягон асоси воқеӣ надошта, […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба

маълумоти

сомонаи интернетии «Паём.net» доир ба гӯё «як ҷавони 27-солаи соҳиби 2-фарзанд, баъди боздошт ва лату кӯб аз тарафи милисаи ноҳияи Ваҳдат ба марг мувоҷеҳ шудааст», раддия интишор намуд.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД ҶТ гуфта мешавад, маълумотҳои овардашуда дар ин хабар ягон асоси воқеӣ надошта, бе таҳлил ва бо мақсади иғвоангезӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пахш гардидааст.

«Санҷиши ҳодисаи мазкур нишон дод, ки аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба санҷиши далелҳои гумонбарии як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Ваҳдат барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, рӯзи 02 апрели соли 2016, шаҳрванд Мирзоев Бунёд Маҳмадиевич, таваллудаш 28 феврали соли 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Кишоварз хонаи 17, оиладор, соҳиби як фарзанди хурдсол, бо ҳамроҳии падараш Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1963, ки дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат дӯкони гӯштфурӯшӣ дорад, бинобар сабаби мутобиқат намудани ному насабаш бо ному насаби яке аз шаҳрвандоне, ки қасди сафар намудан ба кишвари Сурия ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳонаро дошт, ба шӯъбаи милитсия даъват карда шуда, пас аз гузаронидани сӯҳбат дар ҳузури падараш ба хонаашон ҷавоб дода шудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Қайд мешавад, ки падари марҳум Мирзоев Б.М. – Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич баён намудааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия нисбати фарзандаш ягон хел зуроварӣ, лату кӯб ва фишороварӣ содир нагардидааст ва муносибати дағалона низ зоҳир нагардидааст, чунки кормандони милитсия фарзандашро дар ҳузури ӯ пурсон шуда, пас ҷавоб додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қазияи ба худкушӣ даст задани шаҳрванд Мирзоев Б.М. аз ҷониби масъулини мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.