Amnesty International соли 2015-ро рекордӣ аз рӯи шумори иҷрои ҳукми қатлҳо номид

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) ё худ Афви Байнулмилал соли 2015-ро рекордӣ аз рӯи шумори иҷрои ҳукми қатлҳо номид. Дар гузориши рӯзи 6 апрел интишоршудаи созмон дар ин робита гуфта мешавад, соли гузашта дар саросари ҷаҳон дар маҷмӯъ беш аз 1,6 ҳазор ҳукми қатл ба иҷро расидааст, ки нисбат ба соли пешин 573 […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) ё худ Афви Байнулмилал соли 2015-ро рекордӣ аз рӯи шумори иҷрои ҳукми қатлҳо номид.

Дар

гузориши

рӯзи 6 апрел интишоршудаи созмон дар ин робита гуфта мешавад, соли гузашта дар саросари ҷаҳон дар маҷмӯъ беш аз 1,6 ҳазор ҳукми қатл ба иҷро расидааст, ки нисбат ба соли пешин 573 ё худ 50% ҳукм зиёдтар буда, аз тайи 25 соли ахир зиёдтарин мебошад.

Ҳукми қатл бештар дар Эрон (977 ҳукм), Покистон (320 ҳукм) ва Арабистони Саудӣ (158 ҳукм) мавриди амал қарор гирифта, дар Миср ва Сомалӣ низ шумори иҷрои ҳукми қатлҳо афзудааст.

Гуфта мешавад, дар ин маълумот нишондиҳандаҳои Чин ба қайд гирифта нашудааст, ки дар он боз ҳазорон нафар эъдом шудаанд, вале дар ин кишвар маълумот дар бораи шумори иҷрои ҳукми қатлҳо сирри давлатӣ шуморида мешавад.

Зикр мегардад, ки соли 2015 боз 4 кишвар – Фиҷи, Мадагаскар, Конго ва Суринам низ аз истифодаи ҳукми қатл даст кашида, акнун аксари кишварҳои ҷаҳон – 120 давлат пурра аз ин амал худдорӣ мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ИМА 28 ҳукми қатл ба иҷро расидааст, ки камтарин аз соли 1991 мебошад ва шумори ҳукмҳои қатли содиршуда 52 ададро ташкил дода, камтарин аз соли 1977 аст. «Иёлат (штат)-и Пенсилвания ба ҳукми қатл моратория ҷорӣ намуда, акнун дар маҷмӯъ дар 18 иёлати ИМА ҳукми қатл комилан манъ шуд», – қайд мешавад дар гузориши созмон.

Дар гузориши созмон зикр мегардад, ки Беларус ягонаи кишвари Аврупост, ки дар он ҳукми қатл боқӣ монда, ҳарчанд соли 2015 дар ин кишвар нисбати касе ҳукми қатл мавриди амал қарор нагирифта бошад ҳам, ҳадди ақал ду ҳукми қатл содир шудааст.

«Дар Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон мораторияи расмӣ ба истифодаи ҳукми қатл мавриди амал қарор дорад», – гуфта мешавад дар гузориш.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.