ВКД маълумоти аз ҷониби милитсия ба худкушӣ водор кардани ҷавонро рад мекунад

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба

маълумоти

сомонаи интернетии «Паём.net» доир ба гӯё «як ҷавони 27-солаи соҳиби 2-фарзанд, баъди боздошт ва лату кӯб аз тарафи милисаи ноҳияи Ваҳдат ба марг мувоҷеҳ шудааст», раддия интишор намуд.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД ҶТ гуфта мешавад, маълумотҳои овардашуда дар ин хабар ягон асоси воқеӣ надошта, бе таҳлил ва бо мақсади иғвоангезӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пахш гардидааст.

«Санҷиши ҳодисаи мазкур нишон дод, ки аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба санҷиши далелҳои гумонбарии як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Ваҳдат барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, рӯзи 02 апрели соли 2016, шаҳрванд Мирзоев Бунёд Маҳмадиевич, таваллудаш 28 феврали соли 1987, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Кишоварз хонаи 17, оиладор, соҳиби як фарзанди хурдсол, бо ҳамроҳии падараш Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1963, ки дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат дӯкони гӯштфурӯшӣ дорад, бинобар сабаби мутобиқат намудани ному насабаш бо ному насаби яке аз шаҳрвандоне, ки қасди сафар намудан ба кишвари Сурия ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳонаро дошт, ба шӯъбаи милитсия даъват карда шуда, пас аз гузаронидани сӯҳбат дар ҳузури падараш ба хонаашон ҷавоб дода шудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Қайд мешавад, ки падари марҳум Мирзоев Б.М. – Мирзоев Маҳмадӣ Тағоевич баён намудааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия нисбати фарзандаш ягон хел зуроварӣ, лату кӯб ва фишороварӣ содир нагардидааст ва муносибати дағалона низ зоҳир нагардидааст, чунки кормандони милитсия фарзандашро дар ҳузури ӯ пурсон шуда, пас ҷавоб додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қазияи ба худкушӣ даст задани шаҳрванд Мирзоев Б.М. аз ҷониби масъулини мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...