Ҳукми 9 соли зиндон ба як тоҷикистонӣ барои куштор дар Русия

ASIA-Plus



Дар шаҳри Петербурги Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҷомӣ Нурхонов ба иттиҳоми қатл ва истифодаи зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият ҳукм содир шуда, ӯ ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, муайян карда шудааст, ки шаби 5 августи соли 2013 дар наздикии хонаи №3-и кӯчаи Антонов-Овсеенко ҷабрдида ба шаҳрванди Тоҷикистон эрод гирифта, дар натиҷа миёни онҳо муноқиша сар мезанад.

«Сипас муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфта, дар он Нурхонов ба мард бо корд зарба мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аз ҷароҳатҳои бардошта бар асари зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат мерасад», – қайд мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни боздошт Нурхонов фаъолона муқовимат нишон дода, дар натиҷа яке аз кормандони мақомоти пулис ҷароҳат бардоштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...