Ҳукми 9 соли зиндон ба як тоҷикистонӣ барои куштор дар Русия

Дар шаҳри Петербурги Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҷомӣ Нурхонов ба иттиҳоми қатл ва истифодаи зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият ҳукм содир шуда, ӯ ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, муайян карда шудааст, ки шаби 5 августи соли 2013 дар наздикии хонаи №3-и кӯчаи Антонов-Овсеенко ҷабрдида […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Петербурги Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҷомӣ Нурхонов ба иттиҳоми қатл ва истифодаи зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият ҳукм содир шуда, ӯ ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, муайян карда шудааст, ки шаби 5 августи соли 2013 дар наздикии хонаи №3-и кӯчаи Антонов-Овсеенко ҷабрдида ба шаҳрванди Тоҷикистон эрод гирифта, дар натиҷа миёни онҳо муноқиша сар мезанад.

«Сипас муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфта, дар он Нурхонов ба мард бо корд зарба мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аз ҷароҳатҳои бардошта бар асари зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат мерасад», – қайд мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни боздошт Нурхонов фаъолона муқовимат нишон дода, дар натиҷа яке аз кормандони мақомоти пулис ҷароҳат бардоштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.