Нидерланд мухолифи ҳамгироӣ бо Украина раъй дод

Раъйпурсии машваратӣ дар Нидерланд оид ба тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамгироӣ (ассотсиатсия) миёни Иттиҳоди Аврупо ва Украина баргузоргардида эътироф шуда, иштирокчиёни раъйпурсӣ мухолифи тасдиқи ин санад овоз доданд. Бино ба иттилои агентии BNO News бо такя ба натиҷаҳои ҳисобу китобу овозҳо дар ҳамаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитетҳо), 38,1%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории тасдиқи созишнома ва 61,1% […]

ASIA-Plus



Раъйпурсии машваратӣ дар Нидерланд оид ба тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамгироӣ (ассотсиатсия) миёни Иттиҳоди Аврупо ва Украина баргузоргардида эътироф шуда, иштирокчиёни раъйпурсӣ мухолифи тасдиқи ин санад овоз доданд.

Бино ба иттилои агентии BNO News бо такя ба натиҷаҳои ҳисобу китобу овозҳо дар ҳамаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитетҳо), 38,1%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории тасдиқи созишнома ва 61,1% мухолифи он раъй додаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҳисобу китоби варақаҳои овоздиҳӣ дар тамоми мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, сатҳи ҳузури раъйдодагон 32,2%-ро ташкил додааст, ки аз 30%-и зарурӣ барои ҳаққонӣ шумурдани раъйпурсӣ бештар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки эълони натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ 12 апрел дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.