ВАО: Иқтисоди Украина дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон аст

– Тайи панҷ соли ахир муҳоҷирони кории Украина ба ватанашон қариб 30 млрд. доллари ИМА ва  тариқи миёнаравон ё гузаронидан таваасути марз боз 5 млрд. долллари ИМА-и дигар интиқол доданд, – менависад агентии тиҷоратии русиягии «Экономика сегодня». Дар мавод қайд мешавад, ки барои Украинаи муосир ин маблағи хеле зиёд аст, зеро аз кумакҳои Хазинаи байнулмилалии […]

ASIA-Plus



– Тайи панҷ соли ахир муҳоҷирони кории Украина ба ватанашон қариб 30 млрд. доллари ИМА ва  тариқи миёнаравон ё гузаронидан таваасути марз боз 5 млрд. долллари ИМА-и дигар интиқол доданд, – менависад агентии тиҷоратии русиягии «Экономика сегодня».

Дар мавод қайд мешавад, ки барои Украинаи муосир ин маблағи хеле зиёд аст, зеро аз кумакҳои Хазинаи байнулмилалии асъор тайи солҳои ахир ва бевосита даромадҳои буҷети Украина дар соли 2016, ки 18 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, зиёдтар аст.

«Дар ҳамин ҳол, даромади украиниҳо дар ин самт тамоили пастравӣ касб карда, агар соли 2013 онҳо ба ватан 7,4 млрд. доллари ИМА фиристода бошанд, пас соли 2015 ин маблағ ҳамагӣ 4,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва сарфи назар аз чунин коҳиш, ин маблағ то ҳанӯз ба 25% аз даромади тамоми давлати Украина баробар аст», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, баъди қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо Русия, Украина ба вазъи мушкил афтода, иқтисоду саноат, ки то

рӯйдодҳои соли 2014

сарчашмаи асоси рушд буданду аз пешравӣ бозистоданд, нақши бузургро дар иқтисод коргарони украинӣ дар хориҷи кишвар ва даромадҳои ба ватан мефиристодаи онҳо мебозанд.

Муаллифони мавод бар ин назаранд, ки ин ҳолат ба ҷустуҷӯи монандиҳо миёни Украина ва чунин таъминкунандагони қувваи корӣ дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мисли Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар он 46%-и ММД аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ташаккул меёбад ва моҳиятан онҳо моли асосии содиротии ин кишвар маҳсуб меёбанд.

«Танҳо бо як фарқи назаррас ва он ҳам ин аст, ки дар Тоҷикистон афзоиши назарраси шумори аҳолӣ ба мушоҳида мерасад ва маъмулан «шахсони зиёдатӣ», ки дар хонаи худ ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, он сӯи марз мераванд. Чунин раванд масалан дар Миср ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба мушоҳида расида буд, ки баъдан рӯйдоди айни замон маъруф бо мафҳуми «баҳори арабӣ» сурат гирифт», – таъкид мешавад дар мавод.

Роҳбари Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонишавӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ Василий Колташов дар суҳбат бо агентии «Экономика сегодня» гуфтааст, ин роҳ барои Украина худ аз худ зиёновар буда, кишварро ба ҳеҷ гуна рушде оварда намерасонад.

«Ҳамаи инро дар мисоли ҳамон Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки ҳеҷ гуна рушде вуҷуд надошта, танҳо нигаҳдории ҷомеаи аллакай дар таназзул қарордошта дар сатҳи муайян вуҷуд дорад. Ҳамаи он маблағҳои пулие, ки ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ба ҳеҷ  гуна рушди иқтисодии кишвар мусоидат накарданд ва инро нисбати Украина ҳам гуфтан мумкин аст», – иброз доштааст Колташов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.