Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нома расида, дар он тасдиқ мешавад, ки ҳайати нозирон аз ИДМ дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Конститутсияи Тоҷикистон, ки санаи 22 май доир мегардад, иштирок мекунанд
.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳамзамон котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба ҳамаи кишварҳои Иттиҳод бо дархости ба Тоҷикистон сафарбар кардани нозирони худ огоҳиномаи расмӣ ирсол намудааст.
«Охири ҳамин моҳ роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣи дар Тоҷикистон маълум мешавад», – гуфт манбаъ.





