Истеҳсоли 20 номгӯи молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар Тоҷикистон

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор намуд, ки аз ҷониби ниҳоди зертобеъаш барномаи панҷсолаи дар кишвар роҳандозӣ намудани истеҳсоли як қатор молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мавриди таҳия қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи зикршуда ба наздикӣ ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуда, мувофиқи он дар дурнамои миёнамуҳлат дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намудани истеҳсоли ҳадди ақал 20 номгӯи молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот пешбинӣ шудааст, аммо вазир саҳеҳан аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ истеҳсол шудани кадом навъи маҳсулотро зикр накард.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита қайд кард, ки айни замон аз ҳаҷми умумии ҳосили пахтае, ки дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешавад, ҳамагӣ 6% фоизаш дар дохилӣ ҷумҳурӣ коркард ва аз он маҳсулот истеҳсол мешавад.

«Ҳосили пахтаи боқимондаро мо бо нархи ночиз ба хориҷа мефурӯшем ва сипас бо нархи даҳчанд болотар маҳсулоти аз пахтаи худ истеҳсолшударо мехарем», – гуфт Зуҳуров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...