Русия ва Тоҷикистон талошҳо дар мубориза бо ДИ-ро муттаҳид карданианд

ASIA-Plus



Дар Душанбе 6 апрели соли 2016 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, ҷанбаҳои мубрами таъмини амният, хусусиятҳои терроризми муосир ва муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, оид ба усулҳои ифротишавии ҷомеа ва роҳҳои бартарафсозии он табодули назар  намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи машваратҳо роҳбари ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.


Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба натиҷаҳои сафари дипломати рус ба Тоҷикистон, зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зарурати муттаҳид сохтани талошҳо дар мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ) таъкид шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷузъиёти вазифаҳои бештар умда дар бахши муқовимат бо терроризм байнулмилалӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба роҳандози амалҳо дар ин самт бо инобати нақши мутамаркази СММ ва Шӯрои Амнияти он бидуни сиёсатгароӣ ва «меъёрҳои дугуна» омодагии усулӣ изҳор намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...