Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номи як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе иваз шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ҳамин тариқ, кӯчаи Войков – ба кӯчаи Рӯҳафзо, кӯчаи ба номи Чайковский – кӯчаи ба номи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) Наҷмиддин Абдуллоев, кӯчаи Панфилов – кӯчаи ба номи Бобо Ҷобиров, иштирокчии ҶБВ ва кӯчаи Мир – кӯчаи Чаманзор номгузорӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Гулобод табдили ном кард.





