Ирсоли парвандаи Иван Шербаков ба суди гарнизони ҳарбии Урал

Тафтиши парванда нисбати афсари рус Иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, ба итмом расид. Ҳафтаи оянда он ҷиҳати баррасӣ ба суди ҳавзаи ҳарбии Урал фиристода мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» манбаъҳои наздик ба зани кушташуда хабар доданд. Ба […]



Тафтиши парванда нисбати афсари рус Иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, ба итмом расид.

Ҳафтаи оянда он ҷиҳати баррасӣ ба суди ҳавзаи ҳарбии Урал фиристода мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» манбаъҳои наздик ба зани кушташуда хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Шербаков ба «куштори барқасдона» айбдор карда шуда, парвандаро гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ҳамроҳ бо ҳайати фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия тафтиш кардаанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия 

аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта

, солим дониста шуд.

Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон 

иттилоъ дода шуд,

 ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, 

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

 №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.