Боздиди сафири тозтаъини ИМА аз АНМН



Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ 11 апрели соли 2016 вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони ШМА таҳти роҳбарии сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон оиди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ҷаҳон, оиди чорабиниҳои пешгиркунанда, ки аз тарафи Агентӣ мунтазам гузаронида мешаванд, иттилоот дод.

Салимзода иброз намуд, ки дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо ҳукумати ИМА дар соли 2011 дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб ду шуъбаи Агентӣ сохта ба истифода дода шуданд. Моҳи августи соли гузашта бо дастгирии ИМА ду шуъбаи нав дар ноҳияҳои Лахш ва Дарвоз кушода шуданд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бинои нави Шуъбаи махсуси Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ ба истифода дода шуд. Бо дастгирии ҳукумати ИМА якчанд тренинг оид ба истифодаи воситаҳои техникӣ, ҷамъоварии иттилоот нисбати гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ гузаронида шуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки бино ба Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ “мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад ва ҳамчунин афзоиши бемории нашъамандӣ ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд”.

Дар нутқи ҷавобии худ Сафири ИМА изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бар зидди паҳн гардидани маводи нашъаовар мубориза мебаранд, боз ҳам вусъат меёбад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное