Пешгирии қочоқи сиккаҳои қадимаи таърихӣ ба Туркия



Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ”- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ пешгирӣ намудаанд.

«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ” ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, 44 адад ангуштарин, 21 адад гарданбанд, 8 адад дастбандҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шудааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, соҳибкор А.Р бо мусоидати корманди фурудгоҳ Қ.Р ин маснуотро аз Тоҷикистон ба кишвари Туркия интиқол доданӣ будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа нисбат ба корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Қ. Р.Қ., ки ба ин ҳолат даст дошт, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қ 2 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба мақомоти тафтишоти пешакӣ пешниҳод гардид.

spot_imgspot_img

Популярное