Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 апрел машвари кории мақомоти шаҳрдориро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба вазъи селпартоҳо ва иншооти муҳандисии шаҳр баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ҷиҳати тоза кардани селпартоҳо дар қаламрави пойтахт тадбирҳои муассир андешида, ба ин корҳо аҳли ҷомеа низ ҷалб карда шаванд.
Раиси пойтахт ҳамчунин ба комиссияи дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе супориш дод, ки бо ҷалби мутахассисон вазъи селпартоҳо дар шаҳрро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили шоистаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи пойтахт ҷалб намуд. Мавриди зикр аст, ки Рӯзи пойтахт ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад.





