Кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод ду нафар ноболиғонро ба гумони даст доштан дар ғоратгарии сокини маҳаллӣ боздошт намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ноҳия ба шуъбаи милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 10 апрел дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-5”-ро, ки арзишаш 2500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 16 ва 17-сола, хонандагони синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, сокинони ноҳияи Файзободро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳодиса давом дорад.



