Стипендияи шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони умедбахш

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои варзишгарони бештар умедбахши пойтахт стипендияҳои махсус таъин кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори раиси шаҳри Душанбе дар ин робита зикр мегардад, ки қарори мазкур ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе ва баҳри инкишофи муттасили тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш қабул мешавад. Ба Сарраёсати молияи […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои варзишгарони бештар умедбахши пойтахт стипендияҳои махсус таъин кард.

Бино ба маълумоти

сомонаи расмии

мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори раиси шаҳри Душанбе дар ин робита зикр мегардад, ки қарори мазкур ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе ва баҳри инкишофи муттасили тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш қабул мешавад.

Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби  фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур 168  ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Стипендия ба варзишгарони бештар ба комёбиҳо ноилгардида дар мусобиқоти байнулмилалии соли гузашта дода мешавад.

Дар рӯйхати гирандагони стипендияи мақомоти шаҳрдории пойтахт 28 нафар варзишгарон ҳузур доранд, ки 16 нафарашон навъҳои олимпиро намояндагӣ карда, стипндияи дараҷаи аввалро мегиранд. Миёни онҳо муштзанон Шоира Зулқайнарова, Аҳмадҷон Саидов, Мавзуна Чориева, гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигир Муҳаммадмурод Искандаров ва дигарон ҳузур доранд.

Ба стипендияи дараҷаи дуюм 12 нафар варзишгарон соҳиб мешаванд, ки аз навъҳои ғайриолимпӣ намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, гуштигирони навъи самбо Зафар Алиев, Акмалиддин Каримов, Набимуҳаммад Хоркашев, Мустафо Ҳасанов, таэквондочиён Сабина Тюраева, Баҳромҷон Гадоев, Масрур Сатторов ва дигарон ба чунин стипендия сарфароз гардонида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.