Оғози мурофиаи «парчамовез»-и 20-солаи ДИ дар пойтахт



Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии парвандаи сокини кӯчаи Маяковскийи пойтахт Даврон Қурбонови 20-соларо оғоз кардааст, ки ба насби парчами гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) дар болои пул (кӯпрук)-и маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад.

Луқмон Раҷабов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки парвандаи ин донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон охирҳои ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расид ва мурофиаи аввалаш рӯзи 11 апрел баргузор шудааст. Ӯ гуфт, бояд рӯзи чоршанбе мурофиаи навбатӣ сурат мегирифт, вале бино бар ҳозир нашудани шоҳидон, ба рӯзи дигар гузошта шуд.

Ба иттилои додрас, додситонии ноҳияи Сино Даврон Қурбоновро бар асоси нишонаи аввали моддаи 307, яъне “даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон” айбдор донистааст.

Луқмон Раҷабов гуфтааст, онҳо дар мурофиаи аввал аз шоҳидон дар бораи даст доштани Даврон Қурбонов дар овехтани парчами сиёҳ пурсидаанд ва афзуд, ки “ҳоло масъалаи даст доштан ё надоштани гумонбар мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Муфаттишони додситонии ноҳияи Сино гуфтаанд, Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар болои пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шудаанд. Аммо пас аз як ҳафтаи тафтишот, Соҳибов озод шуда, алайҳи Даврон Қурбонов парванда боз гардидааст.

Мувофиқи маълумоти тафтишотӣ, Даврон Қурбонов гӯё ҳамроҳи як ҳамсинфаш 25-уми август аз бозор ранги сафед ва матои сиёҳ харида, парчамро дуруст мекунанд ва 28 август дар соати 12-и шаб дар купрӯки маҳаллаи 103-юм меовезанд.

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Қурбонов, падари Даврон Қурбонов бо ирсоли нома ба президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хостааст, ки ба ҳалли мунсифонаи парвандаи фарзандаш мусоидат кунанд.

spot_imgspot_img

Популярное