Оғози мурофиаи «парчамовез»-и 20-солаи ДИ дар пойтахт

Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии парвандаи сокини кӯчаи Маяковскийи пойтахт Даврон Қурбонови 20-соларо оғоз кардааст, ки ба насби парчами гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) дар болои пул (кӯпрук)-и маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад. Луқмон Раҷабов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки парвандаи ин донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон […]

Радиои Озодӣ



Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии парвандаи сокини кӯчаи Маяковскийи пойтахт Даврон Қурбонови 20-соларо оғоз кардааст, ки ба насби парчами гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) дар болои пул (кӯпрук)-и маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад.

Луқмон Раҷабов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки парвандаи ин донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон охирҳои ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расид ва мурофиаи аввалаш рӯзи 11 апрел баргузор шудааст. Ӯ гуфт, бояд рӯзи чоршанбе мурофиаи навбатӣ сурат мегирифт, вале бино бар ҳозир нашудани шоҳидон, ба рӯзи дигар гузошта шуд.

Ба иттилои додрас, додситонии ноҳияи Сино Даврон Қурбоновро бар асоси нишонаи аввали моддаи 307, яъне “даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон” айбдор донистааст.

Луқмон Раҷабов гуфтааст, онҳо дар мурофиаи аввал аз шоҳидон дар бораи даст доштани Даврон Қурбонов дар овехтани парчами сиёҳ пурсидаанд ва афзуд, ки “ҳоло масъалаи даст доштан ё надоштани гумонбар мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Муфаттишони додситонии ноҳияи Сино гуфтаанд, Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар болои пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шудаанд. Аммо пас аз як ҳафтаи тафтишот, Соҳибов озод шуда, алайҳи Даврон Қурбонов парванда боз гардидааст.

Мувофиқи маълумоти тафтишотӣ, Даврон Қурбонов гӯё ҳамроҳи як ҳамсинфаш 25-уми август аз бозор ранги сафед ва матои сиёҳ харида, парчамро дуруст мекунанд ва 28 август дар соати 12-и шаб дар купрӯки маҳаллаи 103-юм меовезанд.

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Қурбонов, падари Даврон Қурбонов бо ирсоли нома ба президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хостааст, ки ба ҳалли мунсифонаи парвандаи фарзандаш мусоидат кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.