Таъсиси дирексияи таҳияи намоиши ҷашни 25-солагии истиқлолият дар Душанбе

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар робита ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мақомоти шаҳрдории пойтахт Дирексия оид ба ташкил ва баргузории Намоиши театришуда бахшида ба ин ҷашн таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳайати дирексияи мазкур аз директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба […]

ASIA-Plus



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар робита ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мақомоти шаҳрдории пойтахт Дирексия оид ба ташкил ва баргузории Намоиши театришуда бахшида ба ин ҷашн таъсис дода мешавад.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳайати дирексияи мазкур аз директори генералӣ, муовинони директори генералӣ оид ба корҳои эҷодӣ ва корҳои молиявӣ, директори техникӣ, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, сарбалетмейстер ва  саррассом иборат хоҳад буд.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва интихоби мутахассисони беҳтарини дорои таҷрибаи роҳбарию тахассусии сатҳи муосирдошта барои ишғоли ин вазифаҳо комиссияи озмунӣ таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он адибони шинохта, рассомон, олимон ва ходимони маъруфи фарҳанги ҷумҳурӣ шомил мешаванд.

Дар озмун барои ишғоли вазифаҳо дар ин дирексия шаҳрвандони бо масоили эҷодӣ сарукордоштаи Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони кишварҳои хориҷӣ иштирок карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.