Ташрифи Дабири кулли СААД ва намояндаи махсуси ИА ба Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа аз 17 то 20 апрел ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни сафар ва дидору гуфтушунидҳои Н.Бордюжа бо раҳбарияти кишвар ва намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон масоили кумак ба Тоҷикистон дар […]



Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа аз 17 то 20 апрел ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни сафар ва дидору гуфтушунидҳои Н.Бордюжа бо раҳбарияти кишвар ва намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон масоили кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ мешаванд.

Доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар нуқтаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамчунин оид ба масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи густариши терроризм, ифротгароӣ, дигар таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули назар сурат мегирад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 20-22 апрел намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Душанбе ташриф оварда, зимни сафари ӯ масоили марбут ба ҷараёни амалисозии Созишноми шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсодаи индикативӣ барои солҳои 2014-2010 мавриди барррасӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар барномаи зикршуда ҷалби 251 млн. евро барои амалисозии лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.