Ошкор шудани ҷинояти ғоратгарии соли гузашта дар Душанбе содиршуда



Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афроди дастдошта ба ҷинояти ғоратагии дар соли гузашта содиршударо ошкор намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  миёнаҳои моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ саҳари барвақт аз пайи корҳои худ мерафт. Баногоҳ ду ҷавони тахминан 19-20-сола ба ӯ наздик шуда, бо хишти дар дасташон буда, ду маротиба ба қисмати сараш зада, маблағҳои пулии дар дасташдошта – 22000 рубли Федератсияи Россия ва 100 доллари амрикоиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия пас аз чанд рӯзи ҳодисаи рухдода ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро дар гумонбарӣ ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд ва гумонбари дигар дар кофтуков қарор дошт.

Рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ ба кормандони милитсия муаяссар шудааст, ки гумонбари дигари ҷинояти мазкурро низ дастгир намоянд. Номбурда, марди 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор мебошад, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, муддати муайян аз ҷавобгарӣ мегурехт.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

spot_imgspot_img

Популярное