Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 89,1 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки 73 ҳазору 200 нафарашон сайёҳон (туристон) мебошанд. Дар дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ин шумор 5,8 ҳазор нафар бештар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, даромади умумӣ ба буҷети давлатии кишвар аз ташрифи сайёҳон дар ин давра 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши ҳамасолаи шумори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба туфайли сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ ба меҳмонон, баланд бардоштани сатҳи огаҳии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон ва мероси ғании таърихиву фарҳангии он ба даст омадааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2015 дар маҷмӯъ 413 ҳазору 834 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуда, даромади умумӣ аз ин соҳа ба буҷети давлатӣ 206 млн. 917 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода буд.





